Ҳамдиёрони азиз!
Бо истифода аз фурсати муносиб тамоми сокинони ноҳияи Шамсиддин Шоҳинро ба истиқболи ҷашни муқаддаси миллӣ 31- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сидқан муборакбод намуда, бароятон сиҳатмандии комил, сарбаландиву хонаободӣ, рӯзгори тинҷу осуда ва баҳри сарсабзию шукуфоии Тоҷикистони азиз муваффақиятҳо орзу менамоям.
Даврони Истиқлолият барои мо имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем. Яъне Истиқлолият ин рамзи озодӣ, соҳибдавлатӣ ва ватандории мардуми сарбаланди мутамаддини тоҷик ба ҳисоб рафта, он барои халқи Тоҷикистон бузургтарин неъмати давлатсозиро омӯзонда, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва баландтарин зинаи бахту саодати ҳақиқии миллатро таъмин намуд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тули даврони соҳибистиқлолии хеш дар роҳи эҳё ва рушди давлатдории миллӣ бо дарназардошти хусусиятҳои ҷаҳони муосир қадамҳои устуворе гузошта, чандин ҳадафҳои муҳимро дар ин роҳи пурпечутоб ба даст овард.
Ин неъмати бузург нуру зиё, меҳру вафо, ободию озодӣ, ҳамфикрию ҳамзистӣ ва осоиштагиву абадаиятро ба мардуми бузурги тоҷик ва Тоҷикистони азиз овард.
Аз ин рӯ, ҳифзу гиромидошти он яке аз вазифаҳои шаҳрвандии ҳар яки мо маҳсуб ёфта, моро ба он водор месозад, ки баҳри таъмини амният, ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдату ягонагӣ ҳамеша ҷонфидо бошем.
Зеро мо дар шароити ҷаҳонишавии арзишҳо ва даврони пуртазоду печидаи ҷаҳони муосир бо ҳифзи хусусиятҳои милливу таърихии халқамон роҳу равиши хосаи худро дарёфтем ва имрӯз ба ин роҳ барои бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ дилпурона пеш меравем.
Оғози марҳилаи муосир дар таърихи давлатдории Тоҷикистон бо раванди пошхӯрии Иттиҳоди Шуравӣ оғоз гардид ва оғоз гардидани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дар кишвар бори дигар сокинони моро бар он водор намуд, ки дар бунёди давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва ҳифзи ҳамешагии он ҳамеша ҳушёру зирак бошанд. Зеро дар ин давра бадхоҳони миллат бо истифода аз заифии идеологии сокинон, бахусус ҷавонон ба несту нобуд кардани миллату давлати тоҷик панҷа нарм намуданд ва Ҷумҳурии Тоҷикисторо гирифтори ҷанги шаҳрвандӣ қарор доданд.
Маҳз бо талошу ҷонбозиҳои фарзонафарзанди миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иродаи қавии мардуми шарифи кишвар мо тавонистем оташи ҷанги шаҳрвандиро хомӯш, умеди мардумро ба зиндагии ояндаи пурсаодат гарм ва иқтисодиёти кишварро рушд намоем.
Дар ҷавоб ба сиёсати сулҳҷуёна ва ободкоронаи Пешвои муаззами миллат рисолати ҳар фарди ватандӯст обод намудани Тоҷикистони азизамон мебошад.
Ҳамдиёрони азиз!
Ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар зарфи 31- соли Истиқлолият зери таваҷҷуҳ ва дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ободу зебо гардида, инфросохтори он ба тадриҷ рушд намуд.
Дар ин давра дар ноҳия садҳо биноҳои маъмуриву маишӣ қомат афрохта, роҳҳову пулҳо бунёду азнавсозӣ карда шуданд.
Дар раванди корҳои ободониву созандагӣ бо дастгириҳои пайгиронаи роҳбарияти олии мамлакат дар ноҳия як қатор иншоотҳои фарҳангию варзишӣ, сохтмони муассисаҳои соҳаи маорифу тандурстӣ, маишию хизматрасонӣ қомат афрохта, роҳу пулҳо аз ҳама муҳим қиъаи роҳи байналмилалии Кӯлоб- Қулма қитъаи Шӯрообод-Шоҳон ва Шамсиддин Шоҳин-Кӯлоб мавриди истифодаи умум қарор дода шуданд, ки онҳо тавонистанд ҷиҳати амалӣ гардидани яке аз ҳадафҳои ҳукумати мамлакат аз гумбасти коммуникатсионӣ баровардани кишварамон заминаи мусоидро фароҳам оваранд.
Дар ин муддат шумораи муассисаҳои таълимӣ аз 34 ба 60 адад, муассисаҳои соҳаи фарҳангӣ ба 33 адад, тандурустӣ аз 23 ба 50 адад расонида шудаанд.
Айни ҳол сохтмони чандин муассисаҳои дигари соҳаи маорифу тандурустӣ идома доранд.
Мо бояд он боварии роҳбарияти олии мамлакатро, ки зимни вохӯрияшон бо фаъолони ноҳия солҳои 2017-2020 баён дошта буданд, аз даст надиҳем ва баҳри боз ҳам шукуфон намудани ҳар як гӯшаи ноҳия содиқона заҳмат кашем.
Мехостам хотиррасон намоям, ки маҳз зери таваҷҷуҳи бевосиати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷалби шарикони рушд лоиҳаи сохтмони роҳи аҳамияти ҷумҳуриявидоштаи Тугарак-Саричашма, Саричашма-Чагам ва Чагам-Шӯрообод ба масофаи 48 километр оғоз гардид, ки онро метавон ҳамчун туҳфаи арзишманд дар арафаи ҷашни 31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сокинони ноҳия номид.
Ва ин амали ободкоронаи роҳбарияти олии мамлкатро ба ҳар яки шумо муборакбод мегуям.
Ҳамдиёрони азиз!
Мо аз он шодем, ки мардуми сарбаланди ноҳияи Шамсиддин Шоҳин 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар партави сиёсати ободкоронаи роҳбарияти олии мамлкат бо натиҷаҳои назаррас ва корҳои азизми бунёдкориву созандагӣ пушти сар намуд.
Аз ин рӯ, соле қабл Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тавсиб расонида шуд, ки дар асоси он ҷиҳати дар сатҳи баланд истиқбол намудани ин санаи таърихӣ моро вазифаҳои муҳим дар пешанд.
Аз ин рӯ, аз ҳар яки шумо кормандон, фаъолон, омӯзгорон, аҳли зиё ва ҳамватанони азиз хоҳиш ва даъват ба амал меоварам, ки ҷиҳати дар амал татбиқ намудани нияту ҳадафҳои созандаи роҳбарияти олии мамлакат ва дар сатҳи баланди сиёсӣ таҷлил намудани ҷашни 35-солагии Истиқлоли миллӣ омодагии ҷиддӣ дида, баҳри ободии хона, куча, маҳал, ҷамоат, ноҳия ва дар маҷмуъ ҷумҳурии азизамон аз ҳарвақта дида кӯшишу заҳмат кашем.
Бо мақсади иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дар сатҳи баланди сиёсӣ истиқбол намудани ҷашни 35- солагии Истиқлолияти давлатӣ ва дар заминаи он сурат бахшидани корҳои ободониву созандагӣ, ҳамчунин инкишоф додани инфросохтори деҳот, ташкили ҷойҳои нави корӣ, дар асоси нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия сохтмони 216 иншоотҳои муҳими хоҷагии халқ ба нақша гирифта шудаанд, ки то ба имрӯз қисмате азон сохта ба истифода дода шуданд.
Боварӣ дорам, ки дар остонаи ҷашни 31-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи фарзандони бонангу номуси ноҳия асолати давлатдории миллӣ ва қарзи муқаддаси шаҳрвандиашонро дарк намуда, барои ҳифзи дастовардҳои Истиқлолият, пуштибонии амнияти миллию давлатӣ, таҳкими сулҳу ваҳдат ва суботи сиёсӣ, таъмини рушди иқтисодиёт ва пешрафти ватани азиз нерую дониши худро аз пештара дида зиёд сарф хоҳанд кард.
Бо ҳамин ниятҳои нек бори дигар шумо ва тамоми мардуми ноҳияро бо фарорасии 31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз самими қалб табрику таҳният гуфта, бароятон беҳтарин хушиҳои зиндагиро таманно дорам.!
Сарбаланду саодатманд бошед ҳамдиёрони азиз!