Тандурусти

ТАНДУРУСТӢ

ТАНДУРУСТӢ

Соҳаи тандурустӣ яке аз соҳаҳои муҳим ва афзалиятнок дар ҷумҳурӣ маҳсуб ёфта,   зери таваҷҷуҳи роҳбарияти олии мамлакат қарор дорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали Истиқлолияти давлатӣ ба даст овардан дар баробари дигар самтҳои муҳими хоҷагии халқ соҳаи тандурустиро низ зери таваҷҷуҳи хосаи худ қарор дод. Вобаста ба он оиди беҳтаришавии вазъи соҳа чандин Барномаҳову санадҳои муҳими давлатиро қабул намуд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин баҳри амалишавии ҳадафу мақсадҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои қарору барномаҳои давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ тамоми чораҳои заруриро роҳандозӣ менамояд. Соҳаи тандурустӣ   зери таваҷҷуҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия қарор дошта, баҳри беҳтаршавии вазъи феълии кормандони соҳа, аз қабили сохтмону азнавсозии муассисаҳои тандурустӣ, харидории таҷҳизоти муосири тиббӣ, сохтмони бунгоҳову марказҳои саломатӣ ва таъмиру барқарорсозии муассисаҳои мавҷудаи тандурустӣ, инчунин тарбияи мутахассисони ҷавон тадбирҳои муассир андешида тамоми чораҳои таъсирбахшро амалӣ менамояд.

Дар ноҳия 1 беморхонаи марказӣ, 5 беморхонаи рақамӣ, маркази бемориҳои сил, 1 маркази саломатии ноҳиявӣ, 17 маркази саломатии деҳотӣ, 18 бунгоҳи тиббӣ, ва 8 муассисаҳои дигари тандурустӣ бо фарогирии 52 нафар табибони маълумоти олидор ва 508 нафар маълумоти миёнаи соҳавӣ дошта дар хизмати сокинони ноҳия қарор доранд.

Ҳамзамон қайд менамоем, ки бо мақсади беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ соли ҷорӣбинои маркази давлатии санитарию эпидемиологии ноҳия бо тамоми имконияту шароитҳои мувофиқ бо иштироки бевоситаи Пешвои Муаззами миллат ба истифода дода шуд.

Айни ҳол бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷалби шарикони рушд сохтмони маҷмуъии «Модару кӯдак» барои 66 кати хоб, маркази саломатии ноҳиявӣ иборат аз се ошёна ва 3 бино оғоз гардида, бо маром идома дорад.

Тули ин муддат дар беморхонаҳои ноҳия 1892 нафар бемор бистарӣ ва ба табобат фаро гирифта шудааст, ки ба 18 фоизи иҷрои нақшаи кат/рӯз баробар мебошад.

Аз соли 1997 то инҷониб зиёда аз 100 нафар ҷавонони ноҳия тариқи квотаи Президентӣ Донишгоҳи Давлатии Тиббии Тоҷикистонро хатм намудаанд, ки аксаврият дар беморхона ва сохторҳои тандурустии ноҳия кор ва фаъолият доранд.

Previous Post

Next Post